Хабарҳои охирин

Асосӣ » Олимпиадаи даври вилояти барои хонандагони синфи 11 дар муассисаи мо баргузор гардид.
ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЛИМПИАДАИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 11 ОҒОЗ ГАРДИД Даври вилоятии олимпиадаи хонандагони синфҳои 11 аз фанҳои таълимӣ оғоз ёфт. Имсол низ ин сабқати донишу маҳорат дар мактаби хонадагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади дарёфт намудани толибилмони соҳибистеъдод, афзун намудани майлу рағбати донишандӯзии онҳо, ҷалби хонандагон ба чорабиниҳои илмӣ ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои ҷумуриявӣ ва байналмилалӣ доир гардида истодааст. Дар расми ифтитоҳи олимпиада сарвари Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилояти Суғд Дилбар Исмоилова ва директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия Юсуфҷон Домуллоҷонов иштирок ва суханронӣ намуд. Масъулин ба ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ шартҳои озмунро фаҳмонида, ба онҳо барору комёбиҳо таманно карданд. Бояд қайд намуд ки имсол аз 18-шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 60 нафар хонандагон аз фанни технологияи информатсионӣ иштирок намуда донишу маҳорати худро сайқал доданд. Тибқи низомнома олимпиада аз фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ гузаронида мешавад. Аз натиҷаҳои олимпиада дар шумораҳои навбатӣ маълумоти муфассал хоҳем дод.
Дидан кард: 1876 | Санаи иловашуда: 15 фев 2019

15 толибилми беҳтарин

  1. 1)Атоев Зарифҷон - 864(хол)
  2. 2)Абдураҳмонова Танзила - 810(хол)
  3. 3)Ҳоҷибоева Мадина - 806(хол)
  4. 4)Аҳмедова Дилором - 805(хол)
  5. 5)Кенҷаева Фарахноз - 802(хол)
  6. 6)Абдурахмонова Аниса - 796(хол)
  7. 7)Абдуҷалилов Аъзамҷон - 788(хол)
  8. 8)Ағлуқова Маҳинбону - 785(хол)
  9. 9)Юлдошева Ситора - 784(хол)
  10. 10)Латипова Манижа - 780(хол)
  11. 11)Наҷмиддинова Шоҳина - 756(хол)
  12. 12)Воситов Шарифҷон - 756(хол)
  13. 13)Шокиров Юсуф - 756(хол)
  14. 14)Хуршед Хушнудаи - 754(хол)
  15. 15)Файзиева Сабрина - 752(хол)